Имрӯз вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз мавзеи пешбинишуда барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Хуталон» («Шӯроб») дидан намуд.
Зимни боздид вазир бо қитъаҳои пешбинишуда барои бунёди сарбанд, толори мошинҳо ва дигар иншооти асосии неругоҳ шинос шуд.
Тибқи пешнавишти асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, Неругоҳи барқи обии «Хуталон» дар маҷрои дарёи Вахш, дар байни ду иншооти бузурги гидроэнергетикии кишвар — НБО «Роғун» дар болооб ва НБО «Норак» дар поёноб бунёд мегардад.
Иқтидори лоиҳавии неругоҳ 800 МВт пешбинӣ гардида, истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ беш аз 2,5 миллиард кВт·соатро ташкил хоҳад дод.
Бунёди НБО «Хуталон» дар доираи силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш аз ҷумлаи лоиҳаҳои ояндадори соҳаи энергетикаи кишвар ба шумор рафта, татбиқи он ба афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии мамлакат мусоидат менамояд.
✅@mewrtj
Post #4227
176





- 👍 2