2-юми октябр дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Латвия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маркази муосири додаҳои «Delska» дар шаҳри Рига боздид намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки «Delska» яке аз операторони марказҳои додаҳо буда, дар Латвия ва кишварҳои Аврупои Шимолӣ инфрасохтори рақамиро рушд медиҳад. Аз ҷумла, маркази EU North Riga LV DC1 дар шаҳри Рига бо иқтидори 10 МВт фаъолият дошта, имконияти марҳила ба марҳила то 30 МВт зиёд намудани иқтидори он пешбинӣ шудааст.
Иншооти мазкур барои ҷойгир намудани то 1000 рафи серверӣ пешбинӣ гардида, дар баробари инфрасохтори анъанавии рақамӣ барои технологияҳои зеҳни сунъӣ ва ҳисоббарории баландмаҳсул (HPC) низ шароити зарурӣ фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, зимни муаррифӣ ба масъалаҳои самаранокии энергетикӣ, таъмини кори бефосилаи таҷҳизот, низоми захиравии таъминоти неруи барқ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи додаҳо ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
✅@mewrtj
Post #4223
143




- 👍 1
- 🔥 1