TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 480 subscribers
Post #4212 139
📢 ТАЛАБОТИ НАВ БАРОИ ФУРӮШИ НЕРУИ БАРҚ ТАВАССУТИ ИСТГОҲҲОИ ПУРКУНИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидор мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, №593 «Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқа, қабули огоҳиномаҳо», фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ҳамчун намуди фаъолияти махсус муқаррар карда шудааст.

🔴 МУҲИМ!

Ба таваҷҷуҳи ҳамаи соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ машғуланд ё дар оянда чунин фаъолиятро ба роҳ хоҳанд монд, расонида мешавад, ки барои анҷом додани фаъолияти мазкур гирифтани иҷозатномаи махсус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

📌 ЧӢ БОЯД КАРД?

Соҳибкорон ва субъектҳои хоҷагидори дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ба расмият даровардани фаъолияти худ ва гирифтани иҷозатномаи махсус тибқи тартиби муқарраргардида, ба сомонаи 🌐ijozat.mewr.tj ворид гардида, худро ба қайд гиранд ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои заруриро дохил намоянд.

Ҳамзамон, метавонанд ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

☎️ МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС: 235-98-51

✅@mewrtj
  • ⚡ 1
  • ❤ 1
More from @mewrtj
  1. Oct 1, 2026Рӯзҳои 28-30-юми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Муколамаи шарикони рушд оид ба м…
  2. Oct 1, 2026Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 pinned «📢 ТАЛАБОТИ НАВ БАРОИ ФУРӮШИ НЕРУИ БАРҚ ТА…
  3. Oct 1, 2026🇹🇯🇱🇻Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири энергетика ва захираҳои о…
  4. Oct 1, 2026🇹🇯🇷🇺 Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзо…
  5. Oct 1, 20261-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон…
  6. Oct 1, 202629-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар ҷаласаи сеюми Шурои ҳавзавии дарёи Вахш баргузо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →