29-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар ҷаласаи сеюми Шурои ҳавзавии дарёи Вахш баргузор гардид, ки ба масъалаҳои татбиқи принсипҳои идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об (ИҲЗО), таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва рушди минбаъдаи муносибати ҳавзавӣ дар Тоҷикистон бахшида шуд.
Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа интихоби нави аъзои Шурои ҳавзавӣ буд. Мутобиқи тартиби муқарраршуда, навсозии ҳайати Шуро ҳар панҷ сол бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки фаъолияти онҳо ба идоракунӣ ва истифодаи захираҳои оби ҳавза алоқаманд аст, анҷом дода мешавад.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj
Post #4205
140