Рӯзҳои 28-30-юми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар ин чорабинӣ муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода ва директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода ширкат варзиданд.
✅@mewrtj
Post #4218
152
- 👍 4
- 🆒 1