ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ: ОМОДАСОЗИИ ИНШООТҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ
Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб бо мақсади таъмини устувори сокинон бо неруи барқ дар фасли сармо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Айни замон дар Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» (1,5 МВт) корҳои таъмирӣ оғоз гардида, ҷиҳати омодасозии иншооти энергетикӣ ба фаъолияти самаранок дар давраи сармо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд.
Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ манбаъҳои тавлиди неруи барқи ноҳияи Мурғоб — Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон», 28 неругоҳи офтобӣ ва як неругоҳи бодӣ, дар маҷмуъ, беш аз 3,2 миллион кВт·соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.
✅@mewrtj
Post #4144
160
- 👍 3