Дар Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президент оғоз шуд
Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дируз оғоз гардид, ки ҳаводорони зиёди варзишро аз гӯшаю канори мамлакат ба ҳам овард.
Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудокорон дар вазнҳои 60, 66 ва 73 килограмм бо ҳам қувваозмоӣ карда, ғолибону ҷоизадорон бо мукофотҳои пулӣ ва ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.
Сабқатҳо имрӯз низ идома ёфта, ғолибони дигар вазнҳо муайян хоҳанд шуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22221
5


