Дар Бохтар ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик нахустнамоиши филми «Сабр» баргузор шуд
Дар Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик нахустнамоиши филми ҳунарии «Сабр», ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Хатлонсинамо» таҳия шудааст, доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аҳли фарҳанг ва дӯстдорони синамо иштирок намуда, як қатор кормандон ва ҳунармандони муассиса барои саҳми арзанда дар рушди соҳа бо сипосномаҳои раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд. Филми мазкур бо фарогирии арзишҳои ахлоқиву тарбиявӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22229
3



