Иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар ноҳияи Данғара истиқбол гирифта шуданд
Дар ноҳияи Данғара меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон», ки дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад, бо самимияти хос истиқбол ёфтанд.
Зимни қабул ба меҳмонон имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Данғара муаррифӣ карда шуданд. Иштирокчиён бо расму оинҳои миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии минтақа аз наздик шинос гардиданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22235
5
