Ин созишнома ба боркашонҳои байналмилалии автомобилӣ имкон медиҳад, ки ҳангоми убури транзитӣ аз қаламрави чанд кишвари иштирокдор аз як иҷозатномаи рақамии ягона истифода баранд.
Тибқи қарор, вазири нақлиёти Тоҷикистон муваззаф шудааст созишномаро аз номи ҳукумати кишвар имзо намояд. Интизор меравад ҷорӣ шудани иҷозатномаи ягона расмиёти ҳамлу нақли байналмилалиро содда карда, шумораи ҳуҷҷатҳои заруриро коҳиш диҳад.
Иҷозатномаи ягона танҳо барои ҳамлу нақли транзитӣ амал мекунад ва аз риояи қоидаҳои гумрукӣ, нақлиётӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ озод намекунад.
ТРАСЕКА барномаи байналмилалии рушди долони нақлиётии Аврупо, Қафқоз ва Осиё буда, 14 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.
Долони нақлиётии ТРАСЕКА дар харита.
Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
