Директори Агентии омор аз фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун боздид намуд
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Ҷайҳун Азизулло Ализод бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, раванди ҳосилғундорӣ ва парвариши анор, пиёзи барвақтӣ, сабзӣ ва меваҳои ситрусӣ шинос гардид.
Зимни боздид аз майдонҳои кишт ва гармхонаҳои лимупарварӣ ба истифодаи самараноки замин, густариши имкониятҳои содиротӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Кишоварзони ноҳия изҳор доштанд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ гирифтани то 600 сентнер ҳосили сабзиву пиёз ва аз 500 то 550 сентнер ҳосили лимӯро аз ҳар гектар нақша доранд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22218
5

