«Хуҷанд» ва «Сардор» барои Ҷоми Тоҷикистон рақобат мекунанд
Имруз, соати 17:30 дар Варзишгоҳи марказии Истаравшан бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Сардор»-и Турсунзода баргузор мешавад.
Ғолиби вохӯрӣ соҳиби Ҷоми Тоҷикистон, 200 ҳазор сомонӣ ва роҳхат ба Лигаи даъвати КФО барои мавсими 2027/28 мегардад. «Хуҷанд» бори чаҳорум ва «Сардор» бори аввал метавонад соҳиби ҷом шавад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22163
281
