TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #22191 366
Дастаи мунтахаби футзали Русия ба Душанбе расид

Субҳи имрӯз дастаи мунтахаби футзали Русия ба Душанбе расид. Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии тирамоҳӣ мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия ду бозии дӯстона баргузор мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Русия 14 бозигар шомиланд. Дарвозабонҳо: Кирилл Шурок («Газпром-Югра») ва Дмитрий Юдин («Сибиряк»). Бозигарони майдонӣ: Андрей Понкратов, Александр Пирогов, Михаил Москалёв, Константин Шуклетсов, Владислав Мусин-Пушкин («Газпром-Югра»), Дмитрий Зайтсев, Азиз Муждаков, Артём Ниёзов (МФК КПРФ), Антон Соколов, Григорий Валеев («Синара»), Николай Смирнов («Торпедо») ва Артём Антошкин («Норилск»).


Бозиҳо рӯзҳои 19 ва 20 октябр дар Қасри варзиши «Кохи Олимп» баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки охирин вохӯриҳои мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия соли 2022 дар Душанбе доир гардида буданд. Дар бозии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуд. Бозии дуюм бо ҳисоби 6:2 ба суди мунтахаби Русия анҷом ёфт.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 18, 2026Дар Санкт-Петербург ҷаласаи АБП ИДМ оид ба сиёсати аграрӣ ва экология баргузор шуд Дар шаҳ…
  2. Oct 18, 2026Рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар 9 моҳи соли 2026: афзоиши истеҳсолот ва хизматрасонӣ Дар…
  3. Oct 18, 2026Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар нишасти СҲИ дар Бағдод Дар шаҳри Бағдоди Ироқ 52-юмин нишас…
  4. Oct 18, 2026Нархҳои масолеҳи сохтмонӣ 5,3% боло рафтанд Дар ҳашт моҳи соли 2026 индекси нархҳои масоле…
  5. Oct 18, 2026Бонки рушди Осиё барои сохтмони НБО-и «Роғун» $ 500 млн. ҷудо мекунад Бонки рушди Осиё бар…
  6. Oct 18, 2026Рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2026: афзоиши саноат, кишоварзӣ ва с…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →