"Бозгашт" дар Синамоҷоизаи миллии "Тоҷи Сомон"
Филми ҳунарии «Бозгашт» дар Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» муаррифӣ мешавад.
Нақшҳои асосиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир ва Сергей Сергеев иҷро кардаанд. Коргардон ва филмофари лоиҳа Аъзам Розиқ мебошад.
Паёми филм ҷустуҷӯи асли хеш ва бозгашт ба ҳақиқати худро бозтоб мекунад. Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» аз 15 то 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22000
376