TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21859 4
Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти корхонаи моҳипарварии "Тоҷ-Корея" шинос шуданд

14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози ВМКБ ташриф оварданд.

Муҳтарам Рустам Эмомалӣ нахуст дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз аз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Корея” дидан намуданд. Масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад.

Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ аснои шиносоӣ бошароити озмоишгоҳ ба кори кормандон ва муассисонихоҷагӣ баҳои баланд доданд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 14, 2026Ахбори хотимавии Радиои Тоҷикистон барои имрӯз 14.10.2026 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Т…
  2. Oct 14, 2026Президенти Тоҷикистон вориди шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуданд 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Т…
  3. Oct 14, 2026Муҳаммади Қодиров роҳбари ҶДММ "Талант" Ибрози назари ин соҳибкори тоҷик дар "Рӯзи соҳибко…
  4. Oct 14, 2026Раиси Маҷлиси миллӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Дарвоз дидан карданд Раиси шаҳри Душан…
  5. Oct 14, 2026Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе Дар доираи Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар ша…
  6. Oct 14, 2026Тоҷикистон ва Ҷопон дар Ваҳдат пули нав месозанд Тоҷикистон ва Ҷопон масъалаи сохтмони пул…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →