TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21834 5
Роҳнамоии сафири Британия Кабир дар Тоҷикистон барои интихоби касби дипломатӣ аз сӯи бонувони тоҷик

Барои дипломат шудан чӣ лозим аст? Оё занон метавонанд роҳбариро бо масъулиятҳои оилавӣ ҳамоҳанг созанд? Ва чӣ тавр духтарони ҷавон метавонанд дар ташаккули қарорҳое, ки ба ҷомеа таъсир мерасонанд, саҳм гузоранд?

Инҳо аз ҷумлаи саволҳое буданд, ки дар ҷаласаи дипломатии «Духтарон ҳамчун роҳбарон ва дипломатҳои оянда», ки аз ҷониби Сафорати Британияи Кабир дар доираи форуми «Қудрат дар ояндаи ӯ» ба муносибати Рӯзи байналмилалии духтарон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сафир Кэтрин Смиттон аз таҷрибаи дипломатии худ нақл намуда, дар бораи ӯҳдадории устувори Британияи Кабир ҷиҳати пешбурди баробарии гендерӣ ва дастгирии роҳбарии занон тавассути фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои занону духтарон дар мақомҳои роҳбарӣ суханронӣ намуд.

«Овози шумо на танҳо бояд дар толорҳое, ки қарорҳо қабул мешаванд, шунида шавад. Шумо инчунин метавонед ба беҳтар гардидани ин қарорҳо мусоидат намоед.» - Сафир Кэтрин Смиттон

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 15, 2026Санади ҳусни тафоҳум барои рушди ҳамкориҳо миёни "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва ҳамтои Қазоқис…
  2. Oct 15, 2026Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар кори Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бова…
  3. Oct 15, 2026Сафари кории Рустам Эмомалӣ ба ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлис…
  4. Oct 15, 2026🇹🇷Селобҳои шадид ба Туркия ва ба вижа ба Станбул сарозер шуданд. Яке аз истгоҳҳои метрои…
  5. Oct 15, 2026Симои шаҳри Норак тағйир меёбад Дар шаҳри Норак корҳои ободониву созандагӣ бо саҳми соҳибк…
  6. Oct 15, 2026Шавкат Мирзиёев қонуни наверо имзо кард, ки ҷазоро барои зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба ноболиғ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →