Шаҳристон: Як мардро барои таҳдид ба куштан дастгир намуданд
Кормандони милитсия дар ноҳияи Шаҳристон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Тоҷибоев Ӯткирҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Шаҳристони ҳамин ноҳияро бо гумони содир намудани ҷинояти таҳдиди куштан дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки 11 октябри соли 2026, тахминан соати 16:15, номбурда дар ҳолати мастӣ бо як адад корди хоҷагӣ ба манзили истиқоматии ҳамсояаш, шаҳрванд Қ.З., соли таваллудаш 1972, рафта, ӯро бо истифода аз корди мазкур ба куштан таҳдид намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Тоҷибоев Ӯ.У. бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21816
164