Ҷанҷол баъди бозии футбол дар ноҳияи Балхӣ
Пас аз бозии дастаҳои «Саройкамар» ва «Панҷшер», ки бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, миёни бархе аз мухлисон ва маъмурони пулис ва оташнишонӣ муноқиша рух додааст.
Дар навори нашршуда об пошидан ба самти мухлисон ва партофтани курсиҳои варзишгоҳ дида мешавад. Гуфта мешавад, чанд нафар боздошт шудаанд.
То ҳол мақомоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21805
101