TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21804 403
Ҳаводиси нохуш дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ баррасӣ шуд

Ахиран ҷаласаи ҳайати Мушовараи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Хадамот Мирзозода Ардашер баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи баррасии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолии дар семоҳаи сеюми соли 2026 дар корхонаву ташкилотҳои кишвар ба қайд гирифташуда мавриди муҳокима қарор гирифт.

Зимни ҷаласа ҳодисаҳои боиси талафоти ҷонӣ ва ҷароҳатбардории кормандон дар як қатор корхонаҳои саноатӣ, кӯҳӣ ва дигар иншооти истеҳсолӣ баррасӣ карда шуданд. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Хадамот, сардорони раёсату нозироти соҳавӣ ва минтақавӣ, инчунин намояндагони корхонаву ташкилотҳое, ки дар онҳо ҳодисаҳои нохуш рух додаанд, иштирок намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа масъалаҳои марбут ба пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, риояи талаботи бехатарии меҳнат ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарону кормандони корхонаҳо таъкид гардиданд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 14, 2026Ахбори хотимавии Радиои Тоҷикистон барои имрӯз 14.10.2026 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Т…
  2. Oct 14, 2026Президенти Тоҷикистон вориди шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуданд 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Т…
  3. Oct 14, 2026Муҳаммади Қодиров роҳбари ҶДММ "Талант" Ибрози назари ин соҳибкори тоҷик дар "Рӯзи соҳибко…
  4. Oct 14, 2026Раиси Маҷлиси миллӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Дарвоз дидан карданд Раиси шаҳри Душан…
  5. Oct 14, 2026Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе Дар доираи Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар ша…
  6. Oct 14, 2026Тоҷикистон ва Ҷопон дар Ваҳдат пули нав месозанд Тоҷикистон ва Ҷопон масъалаи сохтмони пул…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →