TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21803 418
Душанбе: имзои ду санади ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ

Дар доираи Форуми байналмилалии "Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ" маросими ба имзо расонидани ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни муассисаҳои соҳаи сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва тарабхонаҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Ёддошти тафоҳуми аввал байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Ҳуҷҷати мазкур ба таҳкими робитаҳои касбӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ, рушди фарҳанги муосири хизматрасонӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа равона шудааст.

Ёддошти тафоҳуми дуюм байни ҳамин муассиса ва Ассотсиатсияи тарабхонаҳои Тоҷикистон ба имзо расид. Ин ҳамкорӣ ба такмили фарҳанги хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, беҳтар намудани муошират бо муштариён ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосири соҳаи меҳмондорӣ мусоидат хоҳад кард. Ин ташаббусҳо барои густариши ҳамкориҳои таълимию касбӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 14, 2026Ахбори хотимавии Радиои Тоҷикистон барои имрӯз 14.10.2026 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Т…
  2. Oct 14, 2026Президенти Тоҷикистон вориди шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуданд 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Т…
  3. Oct 14, 2026Муҳаммади Қодиров роҳбари ҶДММ "Талант" Ибрози назари ин соҳибкори тоҷик дар "Рӯзи соҳибко…
  4. Oct 14, 2026Раиси Маҷлиси миллӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Дарвоз дидан карданд Раиси шаҳри Душан…
  5. Oct 14, 2026Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе Дар доираи Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар ша…
  6. Oct 14, 2026Тоҷикистон ва Ҷопон дар Ваҳдат пули нав месозанд Тоҷикистон ва Ҷопон масъалаи сохтмони пул…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →