Мавзӯи энергияи барқароршаванда дар меҳвари мулоқоти Султон Раҳимзода ва муовини вазири хориҷаи Италия
🇹🇯 13 октябри соли 2026 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия Эдмондо Чириелли мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои саноат, коркарди ашёи хом ва энергияи барқароршаванда баррасӣ намуданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21782
402


