Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Ҳамоиши ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода дар маросими ифтитоҳи Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор гардид, иштирок намуд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд бо Муғулистон аҳамияти хосса зоҳир намуда, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкорӣ байни ниҳодҳои қонунгузори ду давлатро омили муҳими таҳкими эътимоди мутақобил ва рушди шарикии дарозмуддат медонад.
Зимни баррасии масъалаҳои баробарии гендерӣ изҳор гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми занон дар идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт, маориф, илм, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Ҳифзи ҳуқуқи занон, фароҳам овардани имконияти баробар ва тавсеаи иштироки онҳо дар қабули қарорҳо аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб мешаванд.
Дар идомаи суханронӣ ба зарурати тақвияти нақши занон дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими фарҳанги муколама таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки занон бояд на танҳо иштирокчии равандҳои сулҳ, балки музокиракунандагон, миёнарав ва ташаббускорони фаъоли сатҳи байналмилалӣ бошанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21764
3
