“Казбек”, филми тавлиди Узбекистон дар Душанбе
Дар доираи III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» 16 октябр дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мешаванд. Яке аз филмҳои пешниҳодшаванда «Қазбек» («Шери осиёӣ») мебошад, ки маҳсули муштараки киностудияҳои «Ӯзбекфилм» ва «Беларусфилм» аст.
Филм дар бораи корнамоиҳои Мамадалӣ Топвалдиев , партизон-разведкачӣ ва Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Беларус бар зидди истилогарони фашистӣ мубориза бурдааст, қисса мекунад.
Коргардони филм Акбар Бектурдиев мебошад. III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» аз 15 то 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21781
411