Ҷамила Раҳматшоева, донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯйи сол–2026” дар Тоҷикистон шудааст. Маросими ҷамъбасти ин озмун рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Ба гуфтаи масъулин, ҳадафи озмун “дарёфт ва қадрдонии донишҷӯёни соҳибистеъдод” буда, барои маълум кардани ғолибон донишу малака, ҷаҳонбинӣ, маҳорати суханварӣ, сатҳи омодагии касбӣ ва қобилияти эҷодии ширкаткунандаҳо ба назар гирифта шудааст. Ғолибон миёни шаҳрвандони Тоҷикистон чунин муайян шудаанд:
Ҷойи якум: Ҷамила Раҳматшоева, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ;
Ҷойҳои дуюм: Гулнора Рустамқулова, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Хатлон ва Фараҳноз Нормуродзода, донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар Душанбе;
Ҷойҳои сеюм: Меҳрона Шоймардонова, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи С. Улуғзода, Шогуна Чупонова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи А. ибни Сино ва Динора Муминова, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.
Ғолибон миёни донишҷӯёни хориҷӣ ба ин тавр аст:
Ҷойи якум: Нигин Алӣ Аҳмаднажод аз Эрон, ки донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аст;
Ҷойи дуюм: Сидҳарт Сунил аз Ҳинд, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба номи А. ибни Сино аст;
Ҷойи сеюм: Ҳилай Муҳаммадӣ аз Афғонистон, ки донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ аст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
