Дар ноҳияи Шаҳринав Пешвои миллат 6 иншоотро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ карданд
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Бо ифтитоҳи фосилавии бинои нави муассисаи таълимии рақами 58 бо 20 омӯзгор дар деҳаи Ҷавонони деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав барои 720 хонанда дар ду баст заминаи таълимӣ муҳайё гардид. Муассиса аз 12 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он тамоми лавозимоти хониш фароҳам оварда шудааст.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо маркази ташхисию табобатии Табиб-2013 тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Марказ барои қабули то 30 бемор дар як вақт пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташхису табобати беморон бунёд шудааст.
Корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи Осиё аз иншооти навбатии саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав мебошад, ки ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дар корхона 20 мутахассис ба кор ҷалб гардида, дар он истеҳсоли 10 намуди профилҳои пластикӣ ва дару тирезаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди хишти Шаҳринав, ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 90 миллион хишт мебошад, расман оғоз бахшиданд.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав бунёди 297 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То таҷлили ҷашн 318 иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг сохта, ба истифода дода шуд, ки 108% нақшаро ташкил медиҳад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21756
169


