TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21755 375
“Моҳӣ барои Черчилл” дар озмуни “Тоҷи Сомон”
 
Ба озмуни филмҳои III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» зиёда аз 80 филми ҳунарӣ, мустанад ва аниматсионӣ пешниҳод гардидааст. Ҳакамони озмун аз миёни онҳо беҳтарин филмҳоро интихоб намуда, барои дарёфти ҷоизаҳо ба рақобат гузоштаанд.
 
Натиҷаи ниҳоии озмун 19 октябр дар маросими ҷоизасупорӣ, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад, эълон хоҳад шуд.
 
«Моҳӣ барои Черчилл» филми нави ҳунарии истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» буда, дар асоси ҳикояи ҳамноми нависанда Холмурод Шарифов таҳия шуда, ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1945–2025) бахшида шудааст.
 
Коргардонҳои филм Нигина Раҷабова ва Орзу Шарифов мебошанд. Ёдовар мешавем, ки III Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» аз 15 то 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 13, 2026🇷🇺Дар Русия барои муҳоҷирон супоридани имтиҳони ҳатмии донистани забони русӣ, таърих ва…
  2. Oct 13, 2026Рӯзи 13-уми октябр зилзила шаҳри Душанбе ва баъзе аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро такон дод…
  3. Oct 13, 2026Имрӯз охирин рӯзи ҳозир шудани довталабон ба муассисаи таълимӣ аст Маркази миллии тестии н…
  4. Oct 13, 2026Дар Шаҳринав маркази омӯзишии ғаввосони наҷотдиҳанда мавриди истифода қарор дода шуд Прези…
  5. Oct 13, 2026Ширкати президенти Тоҷикистон дар тамринҳои умури наҷотдиҳии кишварҳои СПАД дар Шаҳринав 1…
  6. Oct 13, 2026🇺🇸🇺🇦Трамп ва Зеленский ҳамдигарро дар буҳрони маводи сӯхтӣ айбдор карданд Роҳбари Укра…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →