TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21753 402
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
 
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд.
 
Боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид. Дар маркази нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Кохи наҷотро ифтитоҳ намуда, аз осорхонаи он боздид намуданд.
 
Иншооти навбунёд аз ду ошёна иборат буда, ҷавобгу ба талаботи муосир сохта шудааст ва аз толори барҳавои маҷлис, осорхонаи Пешвои миллат ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
 
Баъди ифтитоҳи Кохи наҷот ва шиносоӣ бо осорхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти муҳими Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Дар ин ҷо бо иштироки наҷотдиҳандагони кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ машқҳои муштараки Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон ва Федератсияи Русия баргузор шуданд.
 
Шаҳраки муваққатӣ барои ҷойгиркунии аҳолии аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардида аз иншооти дигари марказ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки шаҳрак дар масоҳати 1 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он 68 хайма барои 800 нафар ҷойгир карда шудааст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 14, 2026Ахбори хотимавии Радиои Тоҷикистон барои имрӯз 14.10.2026 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Т…
  2. Oct 14, 2026Президенти Тоҷикистон вориди шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуданд 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Т…
  3. Oct 14, 2026Муҳаммади Қодиров роҳбари ҶДММ "Талант" Ибрози назари ин соҳибкори тоҷик дар "Рӯзи соҳибко…
  4. Oct 14, 2026Раиси Маҷлиси миллӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Дарвоз дидан карданд Раиси шаҳри Душан…
  5. Oct 14, 2026Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе Дар доираи Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар ша…
  6. Oct 14, 2026Тоҷикистон ва Ҷопон дар Ваҳдат пули нав месозанд Тоҷикистон ва Ҷопон масъалаи сохтмони пул…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →