TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21678 177
Дар шаҳри Ваҳдат 820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд
 
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат 820 иншооти соҳаҳои саноат, тандурустӣ, маориф, варзиш, истироҳатию фарҳангӣ, хизматрасонӣ, савдою хӯроки умумӣ, биноҳои истиқоматию маъмурӣ, пулу роҳҳо ба маблағи 1 миллиарду 885 миллиону 108,8 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин иншоот 4380 ҷойи нав кор таъсис дода шудааст.
 
Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат аз 355,4 ҳазор сомонии соли 1998 то имрӯз ба зиёда аз 568 миллиону 935 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин рақам 113 маротиба зиёд буда, ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр мусоидат менамояд.
 
Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат 134 корхонаю коргоҳи саноатӣ фаъол буда, истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ дар қисми воридоти буҷети маҳаллӣ қариб 70 фоизро ташкил намуд. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 117 миллиону 233,8 ҳазор сомонӣ расид, ки аз пешравии назаррас дарак медиҳад.
 
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии шаҳр ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо озуқа, афзун гардондани имконияти содиротӣ ва бо кори доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Соҳаи мазкур низ рӯ ба рушд ниҳода, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 689 миллиону 653,7 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 126 миллиону 424,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
 
Дар замони соҳибистиқлолӣ сохтмони 127 бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз гардида, зиёда аз 30-тои он ба истифода дода шуд. Дар давраи собиқ дар шаҳр ҳамагӣ ду бинои 9-ошёна мавҷуд буд. Имрӯз шумораи биноҳои аз 7 то 18-ошёна дар шаҳр зиёд гардидааст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 12, 2026“Тоҷикфилм” ва бахши робитаҳои фарҳангии Британия ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳанг ва синамо…
  2. Oct 12, 2026Маълумот дар бораи ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон, ки бузургтарин минтақаи пах…
  3. Oct 12, 2026Шаҳри Ваҳтад зиндаги мардуми деҳот - хӯроки миллӣ на хотдог 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба…
  4. Oct 12, 2026Санҷиши мехсутунҳо дар биноҳои навбунёди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе анҷом дода шуд Бунёди и…
  5. Oct 12, 2026Ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳри Конибодом ҳамчунон идома дорад 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ…
  6. Oct 12, 2026Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бештар аз Беларус гӯшт ворид кардааст Дар нуҳ моҳ (январ – сентяб…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →