TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21576 262
Дар Душанбе масъалаҳои бозгашти ихтиёрии муҳоҷирон аз Олмон баррасӣ гардиданд

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Норзода бо намояндагони Барномаи бозгашти ихтиёрӣ ва реинтегратсияи Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Олмон (AVRR) мулоқот намуд.

Зимни нишаст ҷонибҳо масъалаҳои бозгашти ихтиёриву бехатари шаҳрвандон, дастгирии онҳо тавассути касбомӯзӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои реинтегратсия дар ҷомеаро баррасӣ карданд. Муовини вазир аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти идоракунии муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид намуда, омодагии кишварро барои идомаи муносибатҳои шарикӣ иброз дошт.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 11, 2026🇩🇪Эътирози зиддиҳукуматӣ дар кӯчаҳои Берлин Мардум аз саросари Германия ба пойтахти ин к…
  2. Oct 11, 2026Дар Вазорати меҳнат ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барг…
  3. Oct 11, 2026Ҳамкории иқтисодии Осиёи марказӣ ва Озарбойҷон: васеъшавии имкониятҳо ва шартҳои самаранок…
  4. Oct 11, 2026Афзоиши 23-фоизаи ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард Дар ҳашт моҳи аввали соли 2026 ҳаҷм…
  5. Oct 11, 2026Дар ноҳияи Ҳамадонӣ фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид Дар ноҳияи Мир Сайид…
  6. Oct 11, 2026Дар сардхонаю анборҳои Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор тонна ғалладона захира шудааст Бино ба м…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →