Фарҳод Қодирзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, дар як матлаб, ки дар расонаҳои маҳаллӣ чоп шудааст, ибрози назар кард, ки дар шароити тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба омили муҳими рушди устувор табдил ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ташаббусҳои дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳо дар Аваза баёнкардаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди долонҳои нақлиётиву энергетикӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз» ва таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе - барои васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ ва ҷалби сармоя муҳиманд.
“Самаранокии ин пешниҳодҳо ба ҳисобҳои дақиқи иқтисодӣ, маблағгузории мушаххас ва натиҷаҳои воқеӣ, ба монанди афзоиши истеҳсолот, ҷойҳои корӣ ва баланд шудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ вобаста мебошад”,-таъкид намуд ӯ
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
