TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21547 411
Олимон: Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва пиряхҳо ҷаҳонӣ шудаанд

Директори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рамазон Раҳмонзода ва ходими пешбари илмии ин институт Ҷамшед Толиҳов дар як матлабе, ки дар расонаҳои маҳаллӣ чоп шудааст, ибрози назар кардаанд.

Олимони тоҷик таъкид намуданд, ки давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба рӯзномаи глобалии СММ ворид гардид. Соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025–2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон шуда, Раванди оби Душанбе ба майдони асосии муколамаи байналмилалӣ табдил ёфт.

Бо таваҷҷуҳ ба об шудани 1300 пиряхи кишвар ва болоравии ҳарорат, Тоҷикистон ба омӯзиши илмӣ ва мониторинги рақамии пиряхҳо аҳаммияти махсус медиҳад. Ҳамчунин, тибқи барномаҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст, ки то соли 2040 дастрасии аҳолӣ ба оби мутамаркази ошомиданӣ ба 90 фоиз расонида шуда, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об ба рушди ин самт такони нав хоҳад бахшид.


📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 11, 2026Сафири Тоҷикистон дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ иштирок кард Сафири Фавқулода ва Мух…
  2. Oct 11, 2026Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба 47,6 млрд. сомонӣ расид Дар моҳҳои январ–августи…
  3. Oct 11, 2026Мулоқоти директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо намояндаи Шӯрои Британияи Каб…
  4. Oct 11, 2026Гардиши бор дар Тоҷикистон аз 11,4 млрд тонна-км. гузашт Дар моҳҳои январ-августи соли 202…
  5. Oct 11, 2026🇩🇪Эътирози зиддиҳукуматӣ дар кӯчаҳои Берлин Мардум аз саросари Германия ба пойтахти ин к…
  6. Oct 11, 2026Дар Вазорати меҳнат ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барг…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →