Дар вилояти Суғд ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дар вилояти Суғд чорумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба охир расид. Дар ин мусобиқа, ки аз 6 то 9 октябри соли 2026 дар Мактаби махсуси намудҳои камонварии вилоят доир шуд, варзишгарон аз 10 давлати ҷаҳон иштирок карданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ғолибону ҷоизадорон бо медалу ҷом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Баргузории ин чорабинии байналмилалӣ ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21503
421
