Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба мероси таърихию фарҳангӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 25-солагии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Аз гузашта ба оянда: 25 соли ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш аҳамияти ҳифз, омӯзиш ва тармими мероси таърихию фарҳангӣ, нақши осорхонаҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳамоиш намояндагони муассисаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21536
304

