TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21464 2
Роҳҳои "Шаҳраки донишҷӯён" ё ба истилоҳ "Ҷазира" обод мегардад

Роҳи нав аз паҳлӯи донишгоҳ аз ҷониби дарёи Душанбе имрӯз навгонии муҳим барои онҳоест, ки зиёда аз 40 сол фақат ба як роҳ вориди шаҳрак мешуданд. Акунун пули нав болои дарё манзараи наву диданиро ба вуҷуд овардааст. Тамбашавии роҳи ягона хеле паст гардид.
Шояд бештар аз 40 сол ба шаҳраки донишшҷӯён танҳо як роҳ вуҷуд дошт.

Дар заминаи ободкориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин ҳудуд Варзишгоҳи миллӣ имрӯз ҳашамат дорад. Бо баракати он шаҳрак симои худро торафт тағйир дода истодааст. Аз ҷумла, имрӯз паҳлӯи ҳамшафат бо донишгоҳ торафт зебо мегардад.

Чун саҳни ҳавлии донишгоҳ инҷо бо тасмими раёсати донишгоҳ корҳо бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Ҳама партовҳо (сангу шағал, хасу хошок) аз инҷо берун карда шуданд. Бо дастури раҳбарияти МИҲД шаҳри Душанбе аз паҳлӯи дигари дарё роҳи нав сохта мешавад.

Роҳравҳои зебо, гулу гулбуттаҳо, сабзазору ниҳолҳои нав пайдо шуда истодаанд. Байни арчазорҳо тоза шудаву гулкорӣ мегардад. Қисмати болоии донишгоҳ (шимол) маҳаллаи Лучоб низ пурра дигар гаштааст. Имсол дар онҷо дар баробари майдонҳои гулу сабза таваққуфгоҳи нав бунёд ёфт.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 9, 2026Дар роҳи автомобилгарди Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, хатҳои уфуқии роҳ дар масоф…
  2. Oct 9, 2026Садамае дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар дурбини сабткунандаи ронандае ба навор гириф…
  3. Oct 9, 2026Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор мегардад 📱 Обу…
  4. Oct 9, 2026🇮🇹Ҳодисаи нодири ду аҷинашамоли ҳамзамон ба Ситсилия сарозер шуд: 11 нафар осеб бардошта…
  5. Oct 9, 2026Дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи мушовари вазоратхона оиди ҷаммъбасти нуҳмоҳаи сол…
  6. Oct 9, 2026Сохтмони терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе оғоз шуд Бегоҳии 9 октябр пас а…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →