TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21466 6
Сохтмони терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе оғоз шуд

Бегоҳии 9 октябр пас аз бозгашт аз Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд. Зарфияти терминали муосир баробар ба хизматрасонии 8,5 миллион мусофир дар як сол мебошад.

Муҳлати сохтмони бино якуним сол муайян гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва ҷалби садҳо мутахассиси ботаҷриба бунёд мегардад. Ҳадаф аз бунёди иншооти нав таъмини сатҳи баланди қабул ва гусели мусофирон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва анъанаҳои накуи меҳмоннавозии тоҷикона мебошад.

Аснои шиносоӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти фурудгоҳ ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, терминали нав дар муҳлати муайяншуда бунёду ба истифода дода шавад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 10, 2026Дар Тоҷикистон беш аз 36 000 иншооти ҷашнӣ кушода шуданд. Бо саҳми арзандаи соҳибкорон ва…
  2. Oct 10, 2026Маҷлиси миллӣ иҷлосияи навбатиро баргузор мекунад 17 октябр соати 10:00 дар шаҳри Душанбе…
  3. Oct 10, 2026Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фалак таҷлил мешавад Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Филармонияи да…
  4. Oct 10, 2026Маҳфили китобхонӣ дар «Бактрия» Дар Маркази фарҳангии «Бактрия» имрӯз, соати 16:00 маҳфили…
  5. Oct 10, 2026Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ шуд Дар шаҳри Остонаи Қ…
  6. Oct 9, 2026Назар ба хабари пешниҳоди президенти Тоҷикистон доир ба таъсиси корхонаи бузурги полоиши н…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →