Бохти бузурги дастаи духтарони Тоҷикистон аз Куриёи Ҷанубӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё
Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё дастаи мунтахаби духтарони то 17-солаи Тоҷикистон аз Куриёи Ҷанубӣ бо ҳисоби калони 0:6 шикаст хӯрд. Ин дидор рӯзи 8-уми октябр дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Дар бозии дигари даври дуюми гурӯҳи "А", ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, Урдун бо ҳисоби 6:9 Имороти Муттаҳидаи Арабиро ноком кард. Дар бозии аввали худ духтарони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Урдун мусовӣ (1:1) карда буданд.
Пас аз ду давр Куриёи Ҷанубӣ бо 6 имтиёз садрнишини гурӯҳи "А" аст. Футболбоздухтарони тоҷик бо 1 имтиёз дар ҷои сеюм ҷой гирифтаанд. Дар даври охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё рӯзи 11-уми октябр Тоҷикистон бо Иморот ва Куриёи Ҷанубӣ бо Урдун дидор мекунанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21444
224
