TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21440 254
Сабқати донишҷӯёни Тоҷикистон бо намояндагони 45 кишвари ҷаҳон дар Русия
 
Ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар дар қатори намояндагони 45 кишвари ҷаҳон иқтидори илмии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи VI байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ, ки дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия доир гардид, иштироки фаъолона намуданд. Дар ин ҳамоиши бонуфузи илмиву соҳавӣ намояндагон аз 45 кишвари ҷаҳон сабқат карданд.
 
Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоии олимпиада, донишҷӯёни тоҷик Нилуфар Наврӯззода ва Ғолиб Ойаҳмадов маҳорати баланди касбӣ нишон дода, бо Шаҳодатномаи иштирокчӣ, Диплом ва нишони махсуси олимпиада қадрдонӣ карда шуданд. Дар доираи ин ҳамоиши сатҳи баланд барои иштирокчиён як қатор чорабиниҳои муҳими таълимиву амалӣ ташкил карда шуданд, аз ҷумла:
 
- Гузаронидани тренингҳо ва дарсҳои махсус аз ҷониби коршиносони варзидаи соҳаи молия.
- Баррасии масъалаҳои муосири амнияти молиявӣ ва муқовимат ба хатарҳои иқтисодӣ.
- Иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм.

 
Иштироки ҷавонони мо дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ барои таҳкими робитаҳои байналмилалии донишгоҳҳои Тоҷикистон, табодули таҷриба ва муаррифии арзандаи иқтидори интеллектуалӣ ва таълимии ҷавонони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 9, 2026Дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи мушовари вазоратхона оиди ҷаммъбасти нуҳмоҳаи сол…
  2. Oct 9, 2026Сохтмони терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе оғоз шуд Бегоҳии 9 октябр пас а…
  3. Oct 9, 2026Шоири мардумии Тоҷикистон Аскар Ҳаким 80-сола мешавад Аскар Ҳаким 10 октябри соли 1946 дар…
  4. Oct 9, 2026Роҳҳои "Шаҳраки донишҷӯён" ё ба истилоҳ "Ҷазира" обод мегардад Роҳи нав аз паҳлӯи донишгоҳ…
  5. Oct 9, 2026Дар ноҳияи Тоҷикобод боғдорӣ яке аз самтҳои сердаромад ва муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб…
  6. Oct 9, 2026Шаҳри Хуҷанд ғолиби мусобиқаи вилоятии варзишӣ ва соҳиби 50 000 сомонӣ гашт Обуна шавед —…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →