Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла тавлид шудааст
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 325,4 тонна пилла истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 139,4 фоизро ташкил медиҳад.
Кирмакпарварӣ ба мисли дигар соҳаҳои кишварзӣ дар мамлакат мавқеи асосӣ дорад. Асоси пилларо нахи он ташкил медиҳад. Он нахи абрешиме, ки аз пилла гирифта мешавад, аз дигар нахҳои табиӣ фарқияти калон дорад. Фарқияти он дар мустаҳкам будани нах, хусусияти ёзишхӯрии он, намнокиро ба худ нагирифтану гармиро ба худ гирифтан ва қувваи барқро нагузаронидани он зоҳир мегардад. Инчунин аз нахи абрешим зиёда аз 330 номгӯй маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Ба таҳлили коршиносон, кирмарпарварӣ яке аз соҳаҳои бепартов дониста мешавад, зеро барги туте, ки ба кирмак медиҳем, шохаҳои он дар хонадон минбаъд чун сӯзишворӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин он чизе, ки кирм истеъмолу коркард карда, азхуд хориҷ менамояд, дар таркиби худ зиёда аз 9% нитроген дорад ва дар соҳаи растанипарварӣ ҳамчун нурии минералӣ истифода мешавад.
Рушди соҳаи кирмакпарварӣ аз тухмии хушсифат, сари вақт тақсим намудани кирмак, риояи технологияи парвариш вобастагӣ дорад. Инчунин яке аз омилҳои асосии зиёд гардонидани маҳсулот ва баланд бардоштани сифати он ба обу ҳавои маҳал ва ғизонокии барги тут марбут мебошад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21408
418
