Дар Тоҷикистон аттестатсияи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ идома дорад
Ҳадафин санҷиш муайян кардани сатҳи дониш, малакаи касбӣ, салоҳият ва мувофиқати кормандони роҳбарикунанда ба вазифаи ишғолкардаашон мебошад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 7 октябр вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода низ дар раванди аттестатсия иштирок намуд.
Ин санҷиш дар асоси тартиби аттестатсияи кормандони роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки соли 2018 тасдиқ шудааст, гузаронида шуда, то 21 октябри соли 2026 идома мекунад.
Дар ҷараёни аттестатсия сатҳи касбият, дониш, малака ва маҳорати амалии роҳбарони муассисаҳои тиббӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар иттилои расмӣ гуфта нашудааст, ки нисбат ба роҳбароне, ки аз аттестатсия намегузаранд, чӣ қарор қабул хоҳад шуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21384
5