TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21349 407
Баландии сарбанди НБО «Роғун» ба 190 метр расид

Баландии сарбанди НБО «Роғун» дар Тоҷикистон ба ҳудуди 190 метр расидааст. Баландии ниҳоии сарбанд тибқи лоиҳа бояд ба 335 метр расад, ки пас аз анҷоми сохтмон онро ба яке аз баландтарин сарбандҳои ҷаҳон табдил медиҳад.

Дар баробари идомаи сохтмон, истеҳсоли неруи барқ низ идома дорад. Айни ҳол аз 6 агрегати пешбинишудаи неругоҳ 2 агрегат фаъолият мекунад ва бо афзоиши марҳилавии иқтидори истеҳсолӣ ҳаҷми барқи тавлидшаванда низ бештар мегардад. Сокинони Тоҷикистон, ки ҳамасола бо камбуди шадиди нерӯи барқ дар фасли сармо рӯбарӯ ҳастанд, умедворанд, ки бо анҷоми сохтмони ин "иншооти аср" маҳдудиятҳо дар интиқоли барқ ба "афсона" табдил мешавад.

Лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби ширкати итолиёвии Webuild дар фармоиши ҶСК «НБО Роғун» амалӣ мешавад. Арзиши лоиҳа тибқи маълумоти интишоршуда тақрибан 2,3 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Вале мақомот эътироф мекунанд, ки ба далели боло рафтани арзиши маҳсулоти сохтмонӣ арзиши ниҳоии ин сохтмон бамаротиб бештар мешавад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 9, 2026Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сардхона барои нигоҳдории 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба исти…
  2. Oct 9, 2026Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва барнома…
  3. Oct 9, 2026Иштибоҳи ҳамлунақлӣ боис шуд, ки ҷузъҳои ҳассоси F-35 ба Чин бирасанд Тибқи гузориши Bloom…
  4. Oct 9, 2026Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва нам…
  5. Oct 9, 2026Толибон мақомоти пешини Афғонистонро дар қавмпарастӣ муттаҳам мекунанд Намояндагони ҳарака…
  6. Oct 9, 2026Дар деҳоти Зарҳалол пули мошингузар баъд аз бозсозӣ дубора фаъол гардид 📱 Обуна шавед — Ҳ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →