СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 5 октябр дар ҳошияи баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва масъалаҳои истилоҳшиносии муосир» дар Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар оғози семинар сардори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ Салим иброз дошт, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллӣ, омили асосии таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва воситаи муассири ҳифзу интиқоли арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ба наслҳои оянда ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар барои рушду таҳкими мақоми забони тоҷикӣ, густариши доираи истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ташаккули забони муосири илмӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Post #31225
43








- 👍 2
- 🙏 1