ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ – МЕҲВАРИ УСТУВОРИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ: ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Ба муносибати таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши илмию назариявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ - меҳвари устувори истиқлоли миллӣ» дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор намуд.
Ҳамоиши илмӣ бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Фурқати Ҳукумат ва директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар доир гардид. Дар кори он ҳамчунин олимону кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ, устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, аҳли илму адаб ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.
Post #31233
37










- 👍 2