TGViewer
Channel Public Channel
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan

@akademia55

Саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Subscribers
761
Photos
24.1K
Videos
1.8K
Links
4.9K
Recent Posts 5 shown
Post #30649 58
ПЕШВОИ МИЛЛӢ ВА РИСОЛАТИ ДАВЛАТӢ
 
(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи китоби “Масири сарнавишт”. -Душанбе: “Ирфон”, 2025. -248 саҳ.)
 
(Идома. Аввалаш дар шумораи гузашта)
 
Бознашр аз нашрияи “Минбари халқ” № 37 (1590). Санаи нашр 23 сентябри соли 2026.
 
Чорум. Муаллифи пешгуфтори китоб “Сулҳу ваҳдат ҳадяи Пешвои миллат аст” (– С.3-12) дар ибтидои матлаб аз ташаббусоту ибтикороти созандаи Сарвари давлат дар шароити ҳассоси таърихӣ ёд карда, бар он таъкид меварзад, ки: “Дар арсаи сиёсат қадамҳои нахустини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на бақасди давлатдорӣ, балки давлатсозӣ буд. Замоне зимоми ҳокимиятро бадаст гирифтанд, ки оташи ҷанги дохилӣ торафт баланд мегашт ва ҷумҳурӣ дар ҳолати парокандагӣ қарордошт” (ниг.: Масири сарнавишт. –Душанбе: “Ирфон”, 2025. – С.3).

Муфассал: https://www.facebook.com/share/p/1cPbxU6yg5/
  • 👍 2
Post #30648 68

Forwarded from АМИТ «Ховар»/НИАТ «Ховар»🇹🇯

Меморандум о взаимопонимании подписали Национальная академия наук Таджикистана и Университет имени Фирдавси Мешхеда
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Национальная академия наук Таджикистана и Университет имени Фирдавси Мешхеда подписали Меморандум о взаимопонимании. Об этом сообщает Национальная академия наук Таджикистана.
Меморандум предусматривает разработку соответствующей стратегии обмена и приема студентов бакалавриата, магистратуры, докторантуры и постдокторантуры, проведение курсов повышения квалификации, программ развития навыков, участие в конференциях, консультациях, встречах и научных дискуссиях, а также организацию международных конференций.
  • 🙏 1
Post #30638 54

Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони чорабинӣ барномаи рангини консертии устодони санъати кишвар ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид.
Таҳиягарони барнома бо пешниҳоди суруду мусиқӣ ва рақсҳои дилнишин тавонистанд тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллатро дар таъмини сулҳу субот, ба ҳам овардани мардум, ба як кишвари воҳид мубаддал кардани Тоҷикистон ва пешниҳодҳои чаҳонии Роҳбари давлат оид ба ҳалли масоили мубрами сайёраро бо тарҳу намои зебо пешкаши меҳмонон намоянд.
Ҳунармандон бо истифода аз эҷодиёти шоирони шинохта ва оҳангсозони маъруф дар васфи Ватан, Истиқлолу Ваҳдат ва дигар муқаддасоти миллӣ сурудҳо иҷро карда, ба фазои идона шукуҳу азамат зам намуданд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd
  • 👍 1
Post #30627 53

Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

Шоми 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорон ва меҳмонони шоми идонаи фарҳангиро ба муносибати солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ - арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик аст. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем.
Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони чорабинӣ барномаи рангини консертии устодони санъати кишвар ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd
  • 👍 1
Older posts →

About this channel

How can I read @akademia55 without a Telegram account?
TGViewer shows the public web preview Telegram publishes for Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan: recent posts, photos, videos and the subscriber count, with no app, login or account.
How many subscribers does Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan have?
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan (@akademia55) has 761 subscribers on Telegram, refreshed roughly every 30 minutes.
Does Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan know I viewed it here?
No. Public channel previews carry no viewer identity, and TGViewer has no accounts or tracking of what you look up.
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →