ПЕШВОИ МИЛЛӢ ВА РИСОЛАТИ ДАВЛАТӢ
(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи китоби “Масири сарнавишт”. -Душанбе: “Ирфон”, 2025. -248 саҳ.)
(Идома. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Бознашр аз нашрияи “Минбари халқ” № 37 (1590). Санаи нашр 23 сентябри соли 2026.
Чорум. Муаллифи пешгуфтори китоб “Сулҳу ваҳдат ҳадяи Пешвои миллат аст” (– С.3-12) дар ибтидои матлаб аз ташаббусоту ибтикороти созандаи Сарвари давлат дар шароити ҳассоси таърихӣ ёд карда, бар он таъкид меварзад, ки: “Дар арсаи сиёсат қадамҳои нахустини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на бақасди давлатдорӣ, балки давлатсозӣ буд. Замоне зимоми ҳокимиятро бадаст гирифтанд, ки оташи ҷанги дохилӣ торафт баланд мегашт ва ҷумҳурӣ дар ҳолати парокандагӣ қарордошт” (ниг.: Масири сарнавишт. –Душанбе: “Ирфон”, 2025. – С.3).
Муфассал: https://www.facebook.com/share/p/1cPbxU6yg5/
Post #30649
57


- 👍 2