Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланд ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро ба муносибати солгарди 35-уми истиқлоли давлатӣ ва санаи муҳим - Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки 35 сол пеш миллати тоҷик ба ормони ҳазорсолаи худ - соҳиб гардидан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр расид.
“Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи бузурги мардуми шарифи тоҷик пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшем ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба кишвари рӯ ба пешрафт ва соҳиби обрӯи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳем”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube









