TGViewer
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences of Tajikistan @akademia55 · 763 subscribers
Post #31050 48
Навсозии пойгоҳҳои сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар

Васлу насби таҷҳизоти рақамии сейсмикӣ дар пойгоҳҳои сейсмикии Боғиҷугда ва Сарбанд

Дар доираи татбиқи барномаи навсозӣ ва муҷаҳазгардонии пойгоҳҳои сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии Тоҷикистон бо таҷҳизоти рақамии сейсмикӣ, дар пойгоҳҳои сейсмикии Боғиҷугда ва Сарбанд корҳои васлу насб ва корбурди воситаҳои нави сейсмометрӣ ба анҷом расонида шуданд.

Корҳои ёдоваршуда аз ҷониби мутахассисони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. ва таҳти роҳбарии директори Институт Сафарализода Н.С. амалӣ гардиданд.
  • 👍 2
More from @akademia55
  1. Oct 5, 20265 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри К…
  2. Oct 5, 2026ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ – МЕҲВАРИ УСТУВОРИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ: ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БА МУНОСИБАТИ Р…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →