TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 919 subscribers
Post #16423 71
🎖 Хуҷанд нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзҳои аввал 100% иҷро кард

Дар шаҳри Хуҷанд нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали маърака пурра иҷро шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Даъвати шаҳрвандон бар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, №1221, сурат гирифта, он шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-ро дар бар мегирад. Ҳамзамон, тибқи фармон, низ аз хизмати ҳарбӣ рухсат кардани сарбозоне, ки муҳлати муқарраршудаи хизматро адо кардаанд, пешбинӣ шудааст.

Дар доираи маъракаи тирамоҳӣ 20 даъватшаванда бо мусоидати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва 30 нафари дигар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар омӯзишгоҳи ронандагии ТММ шаҳри Хуҷанд таҳсил карданд.

Ба ҳамаи онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ ройгон дода шуда, баъдан барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

Ҳамчунин, беш аз 20 хизматчии давлатӣ писарони худро шахсан ба комиссариати ҳарбӣ оварда, дар раванди чорабиниҳои даъватӣ иштирок карданд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
  • 👍 1
More from @your_tj
  1. Oct 8, 2026🩺 Можно ли доверять ChatGPT вопросы о здоровье? И сможет ли искусственный интеллект когда…
  2. Oct 8, 2026⚡️ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тарҳи корхонаи бузурги коркарди нафт дар Осиёи Марказӣ…
  3. Oct 8, 2026🇹🇯 Эмомали Рахмон встретился с президентом Туркменистана в Авазе 🤝 8 октября в регионе…
  4. Oct 8, 2026🔴 Дар Душанбе пас аз муноқиша дар «Нонкабоб» ҷавони 25-сола боздошт шуд Кормандони ШВКД д…
  5. Oct 8, 2026🔎 Таджикистан принял участие в международной конференции по поиску пропавших без вести 🇹…
  6. Oct 8, 2026🔴 В Душанбе 25-летнего мужчину задержали после конфликта у точки «Нонкабоб» 🚔 Сотрудники…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →