TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 912 subscribers
Post #16378 58
Зеҳни сунъӣ ҳаракати нақлиётро дар ду чорроҳаи Душанбе танзим мекунад

Дар ду чорроҳаи Душанбе чароғакҳои нави роҳнамоӣ насб шудаанд, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ вазъи ҳаракатро дар вақти воқеӣ таҳлил карда, давомнокии чароғи сабзро худкор муайян мекунанд.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, чунин система дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Бухоро, дар наздикии Кохи матбуот, инчунин дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Қарамова, назди Донишгоҳи аграрӣ, фаъолият мекунад.

Система шумораи мошинҳо, суръати ҳаракати онҳо ва ҳузури пиёдагардонро муайян мекунад. Бар асоси ин маълумот зеҳни сунъӣ интихоб мекунад, ки чароғи сабз барои кадом самти ҳаракат ва чӣ қадар вақт фаъол бошад.

Бар хилофи чароғакҳои муқаррарӣ, давомнокии сигнали сабз вобаста ба сатҳи сербории роҳ тағйир меёбад.

Интизор меравад, ки истифодаи чунин технология ба коҳиши танбашавии нақлиёт ва пешгирии ҷамъшавии зиёди мошинҳо дар чорроҳаҳо мусоидат кунад.

Лоиҳа аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» дар ҳамкорӣ бо Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Ҳамзамон, дар чорроҳаи кӯчаҳои Раҳимӣ ва Сино, дар назди бинои Прокуратураи генералӣ, низ тағйирот ворид шудааст.

Дар ин қитъа тарҳи ҳаракати нақлиёт навсозӣ шуда, барои гардиш ба чап хатти алоҳида ҷудо гардидааст.


📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 6, 2026💻 В Душанбе на Центральноазиатском форуме цифровой торговли эксперты, представители госуд…
  2. Oct 6, 2026📚 Вазорати маориф: омӯзгоронро ба ҷамъоварии пул, обуна ва фурӯши чипта ҷалб кардан манъ…
  3. Oct 6, 2026📌 В Истаравшане инкассатора подозревают в присвоении более 2,2 млн сомони 🚔 В Истаравшан…
  4. Oct 6, 2026📌 Таджикистан представил свои достижения в сфере ИИ на конференции в Астане 🤖 29–30 сент…
  5. Oct 6, 2026Дар Душанбе як мардро барои латукӯби зане дар кӯча 7 шабонарӯз ҳабс карданд Кормандони ШВК…
  6. Oct 6, 2026📌 В Душанбе установили AI-светофоры: они сами регулируют время зелёного сигнала 🚦 На дву…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →