TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 912 subscribers
Post #16374 68
Дар Душанбе як мардро барои латукӯби зане дар кӯча 7 шабонарӯз ҳабс карданд

Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино сокини 29-солаи Душанбе Ходжаев Фирӯзро пас аз паҳн шудани навори латукӯби як зан дар кӯча дастгир карданд.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодиса 1 октябр дар кӯчаи Қазоқон рух додааст. Ходжаев бо сокини 34-солаи ноҳияи Шаҳринав Маҳкамова Моҳира вориди муноқиша шудааст. Мақомоти милитсия мегӯянд, зан дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни муноқиша мард занро латукӯб карда, сипас бо мошинаш аз ҷойи ҳодиса рафтааст. Навори ин ҳодиса аз ҷониби яке аз шаҳрвандон ба милитсия ирсол шудааст.

Нисбати Ходжаев барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ӯро ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар бораи ҳолатҳои вайрон кардани қонун тавассути WhatsApp ва Telegram бо рақами (+992) 018-02-02-02 хабар диҳанд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 6, 2026💻 В Душанбе на Центральноазиатском форуме цифровой торговли эксперты, представители госуд…
  2. Oct 6, 2026Зеҳни сунъӣ ҳаракати нақлиётро дар ду чорроҳаи Душанбе танзим мекунад Дар ду чорроҳаи Душа…
  3. Oct 6, 2026📚 Вазорати маориф: омӯзгоронро ба ҷамъоварии пул, обуна ва фурӯши чипта ҷалб кардан манъ…
  4. Oct 6, 2026📌 В Истаравшане инкассатора подозревают в присвоении более 2,2 млн сомони 🚔 В Истаравшан…
  5. Oct 6, 2026📌 Таджикистан представил свои достижения в сфере ИИ на конференции в Астане 🤖 29–30 сент…
  6. Oct 6, 2026📌 В Душанбе установили AI-светофоры: они сами регулируют время зелёного сигнала 🚦 На дву…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →