TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 912 subscribers
Post #16377 75
📚 Вазорати маориф: омӯзгоронро ба ҷамъоварии пул, обуна ва фурӯши чипта ҷалб кардан манъ аст

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз роҳбарони соҳаи маориф талаб кардааст, ки омӯзгоронро ба корҳои берун аз раванди таълиму тарбия ҷалб накунанд ва аз ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ пешгирӣ намоянд.

Ин талаб дар номаи вазорат аз 2 октябри соли 2026 зикр шуда, ба роҳбарони раёсатҳои маорифи Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол шудааст. Дар ҳуҷҷат ба банди 2 моддаи 11 Қонуни «Дар бораи мақоми омӯзгор» истинод шудааст.

Тибқи нома, омӯзгорон набояд ба хариду фурӯши либоси мактабӣ, ҷамъоварии маблағ, обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ғайритахассусӣ, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва корҳои кишоварзӣ ҷалб карда шаванд.

Вазорат ҳамчунин таъкид кардааст, ки аз маоши омӯзгорон маблағ ҷамъоварӣ кардан манъ аст. Аз ҷумла, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳақ надоранд барои обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо, хариди чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ, ободонии мактаб, хариди маводи таълимӣ, методӣ ва ороишӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар лавозимот аз омӯзгорон пул талаб кунанд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 6, 2026Нархи сабзӣ дар Тоҷикистон 44 дарсад боло рафт Дар авоили моҳи октябр нархи як килограмм с…
  2. Oct 6, 2026🚔 В Душанбе предотвратили распространение психотропного вещества: изъято 1124 капсулы 💊…
  3. Oct 6, 2026⚡️ В Хатлоне обсудили меры по снижению потерь электроэнергии 🏢 В Кулябе и Бохтаре прошло…
  4. Oct 6, 2026📌 OpenAI внедрит невидимую маркировку для текстов ChatGPT в Евросоюзе 🤖 OpenAI начнёт до…
  5. Oct 6, 2026🌧️ Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 10 дараҷа сард мешавад Аз 5–6 октябр дар аксари ноҳияҳ…
  6. Oct 6, 2026📌 Морковь в Таджикистане подорожала на 44% — килограмм продают по 7–8 сомони 🥕 В начале…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →